ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Лахш 173 иншооти таъйиноташон гуногун бунёд мешаванд
ЛАХШ, 25.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 53 деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш 173 адад бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 76 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони 50 иншоот идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар 47 адад иншоот шурӯъ нашуда, тибқи нақша солҳои 2020-2021 пешбинӣ гардидаанд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати сари вақт ва босифат сохтану мавриди истифодаи сокинон қарор додани иншооти иҷтимоии банақшагирифташуда таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид. То имрӯз як зумра чунин иншоот, аз ҷумла 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти асосии умумии маҳаллаи Калтабулоқ, бинои нави Маркази пешгирии касалиҳои сил дар маркази ноҳия, бинои таълимии филиали Коллеҷи тиббӣ дар маркази ноҳия, шабакаи равшаннамоии кӯчаҳои маркази ноҳия, нуқтаи хатнаи кӯдакон дар назди маркази саломатии ноҳия, бозори замонавӣ дар маркази ноҳия, майдончаи хурди варзишӣ ва майдончаи бозии кӯдакон дар маркази ноҳия, ҳаммоми замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти Пилдон ва корхонаҳои истеҳсоли дару тиреза, сафолаки роҳравсозӣ дар сатҳи баланд ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон дар ноҳия хатҳои барқ ва хатти иловагии оби нӯшокӣ барои таъмини беморхонаи марказӣ гузаронида шуда, варзишгоҳи марказӣ, ҳаммом ва бинои дуюми беморхонаи минтақавии Пилдон таҷдид ва барқарор гардиданд.
Масъулини ноҳия иброз доштанд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳалталаб то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба як зумра вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои олии омӯзгории ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия равона намудани омӯзгорони фанни забонӣ давлатӣ, мусоидат намудан баҳри навсозии биноҳои муассисаи таълимии №56, таъмиру навсозии бинои маъмурии шуъбаи маориф, навсозии биноҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва №13, инчунин зиёд намудани теъдоди квотаҳои Президентӣ барои хонандагони ноҳияи Лахш ҷиҳати дохил гардидан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактубҳои дархостӣ пешниҳод карда шудаанд.
Ҳамчунин мактубҳои дархостӣ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмиру тармими роҳҳои маҳаллӣ, ба Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» дар бораи ҳолати воқеии бинои фарсудагардидаи кинотеатри маркази ноҳия бо мақсади дар ҷойи он бунёд намудани қасри фарҳанг, ки ноҳия ба доштани чунин муассисаи фарҳангӣ ниёзманд мебошад, пешниҳод карда шуданд.











ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






