Ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ноҳияи Данғара дидан намуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр ҳайати Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафири Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон аз Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва Донишгоҳи давлатии Данғара дидан намуданд.
Аъзои ҳайати фарҳангӣ иброз намуданд, ки «мо як халқ ҳастем, ки бо ду забон сухан мегӯем. Мо ҳамдигарро бидуни тарҷума мефаҳмем. Мо урфу одат, санъату ҳунари ягона дорем. Мо хушбахт аз онем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи сарони ду давлат роҳҳои нав ба нави ҳамкорӣ боз шуда, муносибатҳо торафт зичтар ва судмандтар мешаванд».
Ба қавли меҳмонон, баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ боз як қадами мустаҳкаме барои таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангӣ мебошад.
Сипас дар толори Қасри фарҳанги шаҳр барномаи консертии ҳунарпешаҳои ӯзбек баргузор гардид.
Барномаи консертии ҷолиб, ки дар он ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, ансамбли «Мақом» ва ансамбли рақсии «Тошкент зеболари» ҳунарнамоӣ намуданд, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






