«Академик Раҳим Масов ва рушди илми таърихи ватанӣ»-таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи илмӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Академик Раҳим Масов ва рушди илми таърихи ватанӣ»-таҳти чунин унвон пагоҳ, 15 ноябр, соати 10:00 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ доир мегардад.Ҳамоиши илмӣ ба 80-солагии донишманди маъруфи тоҷик, муаррих, академик Раҳим Масов бахшида мешавад.
Ба иттилои Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конференсия олимону муҳаққиқон ва шогирдону наздикони ин таърихшиноси шинохта иштирок карда, дар мавзӯъҳои «Академик Раҳим Масов ва рушди илми таърихи Тоҷикистон», «Саҳми академик Раҳим Масов дар таъсис ва рушди Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон», «Ҳомии ҳақиқати таърих», «Саҳми Раҳим Масов дар тадқиқи Саразми бостонӣ» ва ғайраҳо маърӯза хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли 2018 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Раҳим Масов дар синни 79 аз олам даргузашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хешу ақрабо, наздикони марҳум, инчунин ба аҳли илми тоҷик ҳамдардии амиқ изҳор намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Раҳим Масов дар тӯли ҳаёти бобаракати худ ба омӯзиши таърихи давлат ва миллати тоҷик машғул буд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ, ки паҳлуҳои гуногуни гузаштаи халқи моро инъикос менамоянд, боқӣ гузоштааст.
Ӯ дар асарҳои илмии худ саҳифаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро дар асоси сарчашмаҳои муътамад ва бо дарназардошти воқеияти илмӣ таҳқиқ намудааст.
Хизматҳои пурарзиши Раҳим Масов дар мавриди шинохти ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ дар хотираи мардуми Тоҷикистон ҳамеша боқӣ хоҳад монд».
Марҳум аз соли 1988 то 2015 роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Академик Раҳим Масов муаллифи зиёда аз 500 асари илмӣ–оммавӣ ва 14 монография мебошад.
Дар баробари шарафёб шудан ба мукофотҳои ватанию байналмилалӣ 16 ноябри соли 2009 академик Раҳим Масов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1» сарфароз гардонда шуд.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






