Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак гузаронида шуд

Ноябрь 15, 2019 16:06

ДУШАНБЕ, 15.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  бахшида ба  Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак, ки ҳамасола  20 ноябр  дар саросари дунё  таҷлил мегардад,  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур иштирокдорон мавзӯъҳои зерин:  «Ҳуқуқҳои кӯдакон ва рушди ҷомеа», «Натиҷаҳои тадқиқот дар бораи вазъи бадтарин меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон», «Маълумот дар бораи ҷарёни иҷрои Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Манбаи иттилоотӣ оид ба ташкилотҳое, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва хизматрасонӣ ба онҳо фаъолият мекунанд» ва  «Муаррифии нашрияи Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон»-ро  мавриди баррасӣ  қарор доданд.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ҷаласа  муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Маҳмадуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Р. Ҳабибуллозода, роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучианно Калестини, Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шарипов  ва намояндагони  дигар  сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ    иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки имсол  ин сана — Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак  ба 30-солагии қабули «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак»  (20 ноябри соли 1989)  ва ҷашни 100 – солагии Ташкилоти  Байналмилалии  Меҳнат  рост омадааст.

Дар ҷаласа  Нурулло  Маҳмадуллозода зикр намуд, ки  «ҷумҳурии  мо дорои сохтори аҳолии ҷавон ва ояндадор мебошад. Аз ин рӯ,  бо ташббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб  мерасанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати кӯдакону наврасон ва ояндаи миллат равона шудаанд».

-То ба имрӯз  аз ҷониби Тоҷикистон конвенсияҳо, аз ҷумла Конвенсияи №138 «Оид ба  ҳадди ақали синну соли қабул ба кор» (с.1993), №182 «Оид ба манъ  ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» (2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 «Оид ба  манъ намудан ва тадбирҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба тасвиб расидаанд»,- афзуд номбурда.

Дар  ҷаласа ҳамчунин  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон  Р. Ҳабибуллозода Роҳбари хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучианно Калестини,  Раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шарипов, сардори шуъбаи ҳифзи меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон А. Қурбонов ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони иҷтимоӣ  дар мавзӯи мавриди назар  ибрози андеша намуда,  як зумра  таклифу тавсияҳо барои тақвияти корҳо дар самти  барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди кӯдак манзур намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯро  доир ба ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак сохтори байниидоравии ҳамоҳангсозӣ ва маслиҳатӣ – машваратӣ буда, мақсади он таъмини ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар гузаронидани чорабиниҳо доир ба масъалаҳои барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар Тоҷикистон мебошад.  Ҳадафи гузаронидани ҷаласаи мазкур- ин ҷалб намудани диққати аҳли ҷомеа, созмонҳо ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои татбиқи амалии чорабиниҳо оид ба таъмини беҳбудии вазъи иҷтимоии кўдакон дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Ноябрь 15, 2019 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид