Ҳамоиши гирандагони стипендияҳои президентӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони стипендияҳои президентӣ доир шуд. Дар он гирандагони стипендияи президентӣ аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили ин рӯз барои ҳар як ҷавон аҳамияти махсус дорад. Зеро чор сол қабл маҳз ҷавонони мамлакат дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҳамоишҳо доир намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд, ки яке аз рӯзҳо ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда шавад.
Бино ба гуфтаи Аҳтам Абдуллозода, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 таъсис дода шуда, он намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ҷавони мамлакат мебошад.
«Сазовор гардидан ба номи гирандаи стипендияи президентӣ барои ҳар наврас ва ҷавон боиси ифтихор буда, он имкон медиҳад, ки хонандагон ҳарчи беҳтару бештар ба илмомӯзӣ машғул шаванд ва дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ иштирок намуда, саҳми худро гузоранд. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳудуди 400 нафар наврасону ҷавонон дар як сол эълон карда мешавад ва он дастгирии Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ гирандагони стипендияи президентиро зарур аст, ки дар баробари таҳсили хубу аъло дар тамоми самтҳои татбиқи сиёсати давлатӣ масъулияти зиёд дошта бошанд. Зеро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамеша бо такя ба қувваи худи ҷавонон фаъолияташро пеш мебарад ва ин насли ҷавонро мебояд бо Кумита ҳамкории зич дошта бошад. Бояд шумо дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ хотираи неки миллатро гиромӣ дошта, аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй бошед»,- гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сипас, Аҳтам Абдуллозода ба гирандагони стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.
Дар охир муроҷиатномаи гирандагони стипендияи президентӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






