Бахшида ба 25-солагии Конститутсия дар Душанбе намоиш-фурӯши асал оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 ноябр дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши асал оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи намоиш- фурӯши асал Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, намояндагони вазорату идораҳо аз вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи мамлакат ширкат намуданд.
Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш- фурӯши асал 85 тонна навъҳои гуногуни асали занбӯрпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи мамлакат манзури харидорон гардонида шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар намоиш-фӯруш барои сокинон ва меҳмонони пойтахт асал бо нархи дастрас-25 сомонӣ барои як килограмм манзур гардидааст.
Ин намоиш-фурӯши асал то 7 ноябр идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки 2 июн ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ «Иди асал» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида буд.
Баргузории дуюмин намоиш- фурӯши асал гувоҳи он аст, ки бо мусоид омадани ҳавои имсола занбӯрпарварони мамлакат тавонистанд аз таҷрибаи хеш истифода намуда, ҳосили хуб ба даст оваранд.
Аз ин рӯ, Вавзорати кишоварзӣ тасмим гирифт, ки намоиш-фурӯши асалро барои ҳавасманд гардонидани марди деҳқон ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулотии истеъмолии табиӣ ташкил намояд.
Бояд тазаккур дод, ки асал ғизои хуштаъм буда, аз қадимулайём чун даво истифода мешавад. Дар аввал асалро барои муолиҷаи зиёда аз 100 номгӯй бемориҳои гуногун истифода мебурданд, ҳоло олимону донишмандони соҳаи тиб асалро қариб барои табобати ҳамаи бемориҳо тавсия медиҳанд.
Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори асал прополис, шири модаршоҳ ва гарди заҳри занбӯри асал низ давои беҳтарин барои бемориҳои гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар мамлакатҳои пешрафтаи олам бо усули занбӯршифоӣ, яъне бо роҳи занбӯргазонӣ табобат намудани беморон васеъ мавриди истифода бурда мешавад.
Меъёри шабонарӯзии истеъмоли асал барои калонсолон 120-150 грамм, барои бачаҳо 30-50 грамм мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, танҳо ба кас қувват мебахшад. Онҳое, ки нисбат ба асал ҳассосият (аллергия) доранд, бояд онро аз меъёр кам ва бо омехтаи меваю равғанҳо истеъмол намоянд. Қувватнокии асал бениҳоят баланд буда, 3150 килокалория аст. Асал хусусияти зиддибактериявӣ низ дорад.










Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






