Бахшида ба 25-солагии Конститутсия дар Душанбе намоиш-фурӯши асал оғоз гардид

Ноябрь 5, 2019 16:05

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 ноябр дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши асал оғоз гардид.

Дар расми ифтитоҳи намоиш- фурӯши асал Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, намояндагони вазорату идораҳо аз вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи мамлакат ширкат намуданд.

Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш- фурӯши асал 85 тонна навъҳои гуногуни асали занбӯрпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи мамлакат манзури харидорон гардонида шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар намоиш-фӯруш барои сокинон ва меҳмонони пойтахт асал бо нархи дастрас-25 сомонӣ барои як килограмм манзур гардидааст.

Ин намоиш-фурӯши асал то 7 ноябр идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки 2 июн ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин занбӯрпарварони ҷумҳурӣ «Иди асал» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида буд.

Баргузории дуюмин намоиш- фурӯши асал гувоҳи он аст, ки бо мусоид омадани ҳавои имсола занбӯрпарварони мамлакат тавонистанд аз таҷрибаи хеш истифода намуда, ҳосили хуб ба даст оваранд.

Аз ин рӯ, Вавзорати кишоварзӣ тасмим гирифт, ки намоиш-фурӯши асалро барои ҳавасманд гардонидани марди деҳқон ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулотии истеъмолии табиӣ ташкил намояд.

Бояд тазаккур дод, ки асал ғизои хуштаъм буда, аз қадимулайём чун даво истифода мешавад. Дар аввал асалро барои муолиҷаи зиёда аз 100 номгӯй бемориҳои гуногун истифода мебурданд, ҳоло  олимону донишмандони соҳаи тиб асалро қариб барои табобати ҳамаи бемориҳо тавсия медиҳанд.

Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори асал прополис, шири модаршоҳ ва гарди заҳри занбӯри асал низ давои беҳтарин барои бемориҳои гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар мамлакатҳои пешрафтаи олам бо усули занбӯршифоӣ, яъне бо роҳи занбӯргазонӣ табобат намудани беморон  васеъ мавриди истифода бурда мешавад.

Меъёри шабонарӯзии истеъмоли асал барои калонсолон 120-150 грамм, барои бачаҳо 30-50 грамм мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, танҳо ба кас қувват мебахшад. Онҳое, ки нисбат ба асал ҳассосият (аллергия) доранд, бояд онро аз меъёр кам ва бо омехтаи меваю равғанҳо истеъмол намоянд. Қувватнокии асал бениҳоят баланд буда, 3150 килокалория аст. Асал хусусияти зиддибактериявӣ низ дорад.

Ноябрь 5, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад