БДА ҳушдор медиҳад: ронандагону мусофирон бе омодагӣ ба сафар набароянд!
ДУШАНБЕ, 23.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ аз 22 то 25 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво, бориши барфу борон дар назар аст. Табиист, ки дар натиҷаи бориши барфу борон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, ки қисми асосии онҳо аз минтақаҳои кӯҳистон мегузаранд, фаромадани сангпора, лағжиши кӯҳпора ва рух додани дигар ҳодисаҳои табиӣ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, махсусан тариқи минтақаҳои мушкилгузари кӯҳистон ва ағбаҳо ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мутаассифона, бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур- набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа чунин ронандагон дар роҳ ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.
Раёсати Бозраси давлатии автомобилӣ ҳушдор медиҳад, ки ронандагон дар ин рӯзҳо боэҳтиёт бошанду таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш – занҷир, таноб ва дигар лавозимоти зарурӣ бо худ гиранд. Ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, махсусан болопӯши чархҳо диққати махсус дода, ҳангоми дидашавандагии нокифоя аз чароғҳои зиддитуманӣ истифода баранд.
Ҳамчунин иловатан тавсия дода мешавад, ки безарурат ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






