БДА ҳушдор медиҳад: ронандагону мусофирон бе омодагӣ ба сафар набароянд!

Ноябрь 23, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 23.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи  шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи иттилои  Агентии обуҳавошиносӣ аз 22 то 25 ноябр  пастшавии  ҳарорати  ҳаво,  бориши  барфу борон дар назар аст. Табиист, ки дар натиҷаи бориши барфу борон  дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, ки  қисми асосии онҳо аз минтақаҳои кӯҳистон  мегузаранд, фаромадани сангпора, лағжиши кӯҳпора ва рух додани дигар ҳодисаҳои табиӣ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, махсусан тариқи минтақаҳои мушкилгузари кӯҳистон ва ағбаҳо ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, мутаассифона,   бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур- набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа чунин ронандагон дар роҳ ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт  монеа эҷод менамоянд.

Раёсати Бозраси давлатии автомобилӣ  ҳушдор медиҳад, ки  ронандагон дар ин рӯзҳо  боэҳтиёт бошанду таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш – занҷир, таноб ва дигар лавозимоти зарурӣ бо худ гиранд. Ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, махсусан болопӯши чархҳо диққати махсус дода, ҳангоми дидашавандагии нокифоя аз чароғҳои зиддитуманӣ истифода баранд.

Ҳамчунин иловатан тавсия дода мешавад, ки безарурат ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.

Ноябрь 23, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид