Дар 9 моҳи соли равон аз Хуросон беш аз 4350 нафар сайёҳ боздид намудаанд

Ноябрь 28, 2019 12:59

БОХТАР, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад. Рӯз аз рӯз майли  шаҳрвандони хориҷӣ барои омӯхтани фарҳанги бостонии халқи тоҷик, маконҳои  таърихӣ ва бостоншиносӣ меафзояд. Ҳамзамон барои  рушди сайёҳии дохилӣ низ тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамин тавр, тӯли  моҳҳои январ — сентябри соли равон беш аз 4350 нафар сайёҳони дохилӣ  мавзеъҳои  таърихӣ ва зебоманзари ноҳияи Хуросони вилояти Хатлонро тамошо  карданд. Дар ин бора раиси ноҳияи  Хуросон Раҳматулло Сафарзода хабар дод.

Ба иттилои мавсуф, дар минтақа барои рушди сайёҳӣ ва обод намудани  мавзеъҳои тамошобоб корҳои бузурге  анҷом меёбанд; роҳҳо  бунёд гардида,  меҳмонхонаҳо ва марказҳои савдои муосир ба истифода дода шуданд.

«Хуросон  мероси  ғании таърихию  фарҳангӣ дорад, ки ин  сайёҳони ватаниву  хориҷиро  ҷалб месозад»,- гуфт Р. Сафарзода.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз  Хуросон соҳиби  боғи фарҳангӣ, боғи миллӣ, 5 тарабхона, 4 меҳмонхона, 3 осорхона  ва  чойхона аст. Ба ҷуз ин, 6 макони муқаддаси бостонӣ, аз ҷумла Таъба-Тобеин, Гулчечак, Зокирҷон, Сурх, 7 маҷмааи ёдгориҳо ва 6 мағозаи фурӯши туҳфаҳо мавҷуданд.

Ноябрь 28, 2019 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд