Дар Британияи Кабир намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» таъсис гардид

Ноябрь 28, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Британияи Кабир шурӯъ аз 20  ноябр намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ба фаъолият оғоз кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намояндагӣ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъсис ёфтааст. Роҳбари маҳфили мазкур Саҳобиддин Садриддинзода дар оянда фаъолияташро дар назди  намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» соли 2014  дар назди Кумитаи ҷавонон ва варзиш бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Муттаҳид намудани донишҷӯён, муҳокима ва ҳалли мушкилоти онҳо дар хориҷа, ҳамзамон муаррифии  Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мақсади асосии  ин маҳфил ба шумор меравад. Айни ҳол маҳфил дар 16 давлат намояндагӣ дорад.

Маҳфил бо мақсади муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо иттилоот фаро гирифтани донишҷӯёну муҳоҷирон ва ҳалли мушкилоти онҳо дар хориҷа бо намояндагиҳои  дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ ва зич ҳамкорӣ дорад. Он берун аз мамлакат, дар  ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон мунтазам барномаҳои  иттилоотӣ –маърифатӣ,  фарҳангӣ ва варзишӣ барпо менамояд, ки дар онҳо доираи васеи ҷавонони тоҷик иштирок менамоянд.

Акс аз бойгонӣ

Ноябрь 28, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд