Дар Душанбе бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсия ҳамоиши илмӣ доир гардид

Ноябрь 5, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Конститутсия  сарчашмаи қонунгузории миллӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон» доир гардид. Ҳадаф аз баргузории он пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт мебошад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он, намояндагони вазорату кумитаҳо ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Ҳамоишро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки «қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб мешавад».

Таъкид гардид,  ки 6 ноябри соли 1994 бо азму иродаи халқи  мамлакат Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади тақдирсоз истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати муҳим муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст ва ин дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад.

Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии мамлакат  тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар ҳамоиш Раиси  Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода,  узви Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, собиқ Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон  Маҳкам Маҳмудзода  дар мавзӯъҳои «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар таҳкими давлати демократӣ,  «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон –сарчашмаи асосии ҳуқуқии пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон»  маърӯза карданд.

Маърӯзачиён, аз ҷумла зикр  карданд, ки Конститутсия   барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта,  инчунин  дар таҳкими   сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.  Бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланд  қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.

Ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро  инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.

Дар фарҷоми ҳамоиш миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ноябрь 5, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд