Дар Душанбе нақши сайёҳӣ дар муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ баррасӣ шуд

Ноябрь 7, 2019 11:17

ДУШАНБЕ, 07.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, ҳамоиши мазкур ба 25-умин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои сайёҳӣ муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар бахши сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, иштирок намуданд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ҳамоиши мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, бархурдор шудан аз осори таърихӣ, фарҳангӣ ва рушди сайёҳии дохилӣ мебошад.

Тибқи барномаи ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳо сухан гуфтанд. Директори МД “Пойгоҳи бостоншиносии Саразм” Нуринисо Худоёрова дар мавзӯи “Саҳми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии Саразм”, директори генералии МД “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” Ҳотам Раҷаби Асозода дар мавзӯи “Муаррифии ёдгориҳои таърихии фарҳангии минтақаи Кӯлоб ва рушди сайёҳии зиёратӣ”, директори МД “Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон” Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи “Муаррифии ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ”, директори генералии МД Маҷмааи фарҳангии таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов дар мавзӯи “Нақши муассисаи давлатии Қалъаи Хуҷанд дар рушди сайёҳии кишвар”, директори МД “Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии “Қалъаи Ҳисор” Зикрулло Ҷобиров  дар мавзӯи “Маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор дар рушди сайёҳӣ”, директори МД “Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук” Абдулло Хоҷаев дар мавзӯи “Ҳулбук – мавқеи он дар таблиғи фарҳанги умумибашарӣ тариқи сайёҳӣ”, директори ширкати сайёҳии “Сайри Мунк” Авазхон Сироҷов дар мавзӯи “Сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва зиёратии минтақаи Ховалинг”, мудири МД “Осорхонаи мардумшиносӣ” Тутинисо Ашӯрмамадова дар мавзӯи “Саҳми осорхона дар ҳифз ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ” маърӯза намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон омили асосии рушди сайёҳии мамлакат эътироф шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид. Ба рўйхати мазкур дар баробари дигар иншооти сайёҳӣ мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ) ворид гардидаанд.

Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии бақайдгирифташуда мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, аз ёдгориҳои таърихӣ мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм, муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб, осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ, маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд, мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, “Қалъаи Карон” ва Осорхонаи миллӣ мояи таваҷҷуҳи сайёҳон гардидааст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкориро боз ҳам бештар намуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки чор мавзеи таърихию сайёҳии мамлакат, аз ҷумла ёдгориҳои таърихии “Хоҷа Машҳад”, “Чилучорчашма”, “Ҳулбук” дар вилояти Хатлон ва Қалъаи “Ямчун” дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ бозсозӣ карда шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешаванд. Ҳадаф аз он, амалӣ намудани тарҳи рушди деҳот буда, чорабиниҳо асосан барои бозсозии роҳҳои назди ин ёдгориҳои таърихӣ ва навиштаҷот бо се забон, бунёди хонаҳои қабули сайёҳон, меҳмонхонаҳои хурд ва дигар хизматрасониҳои муосир ба сайёҳони дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар интиҳои ҳамоиши мазкур мулоҳизоти иштирокчиён шунида шуда, вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Ноябрь 7, 2019 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд