Дар Душанбе саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба «Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ва иқтисоди миллӣ муҳокима гардиданд.
Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирҷон Аминзода зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш омӯзиши нуктаҳои асосии сиёсати муваффақонаи иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон мебошад.
Гуфта шуд, ки қишри зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, нақши онҳо дар рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёти мамлакат хеле назаррас мебошад.
Иштирокдорон оид ба паҳлӯҳои гуногуни сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ибрози назар намуда, зикр карданд, ки дар мамлакат барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкории ҷавонон тамоми заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавҷуд мебошад.
«Аз ҷумла, тибқи маълумоти оморӣ, аз 189 ҳазор субъекти фаъолияткунандаи соҳибкорӣ қариб 51 ҳазор нафарашон ҷавонон мебошанд», — иброз дошт мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Эмомалӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҳамоиш вазъи дурнамои соҳибкории хурду миёна, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҳадафҳои татбиқшавандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд






