Дар Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат ва Президенти мардумии Тоҷикистони соҳибистиқлол» ҷамъомади тантанавӣ сурат пазируфт

Ноябрь 15, 2019 16:26

ДУШАНБЕ, 15.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат ва Президенти мардумии Тоҷикистони соҳибистиқлол» доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷамъомади идона  роҳбарият ва кормандони сохторҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи Раиси шаҳр,  олимон, адибон, коршиносон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ҷамъомади тантанавиро  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ бахшида, Паёми табрикоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳозирин  расонд.

Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки бо назардошти саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шурӯъ аз соли 2016  16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил карда мешавад.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки аз рӯзи аввали роҳбарии  давлатро ба уҳда гирифтани  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокорона  баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ  барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд. Маҳз бо шарофати сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат сулҳу ваҳдати  миллӣ барқарор гардида,  муҳоҷирони иҷборӣ аз Афғонистон ва дигар давлатҳо  ба Ватан баргардонида шуд.  Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори варзида  дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.

Пешвои тоҷикон тавассути хизматҳои шоиста дар назди халқу Ватан сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис доданд. Фароҳам гардидани чунин шароит барои гузаштани кишвар ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масоили дохилӣ,  балки дар масъалаҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ низ бузург мебошанд.

Маҳз тавассути ба роҳ мондани сиёсати бобарор ва башардӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро  дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб, доктори илмҳои филологӣ, профессор, устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Қурбон Восеъ, Раиси Суди шаҳри Душанбе Мирзоисмон Гиёзода  оид ба хизматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулёбии давлатии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳамчун Пешвои миллат ва Президенти мардумии Тоҷикистони соҳибистиқлол  ибрози андеша  намуданд.

Тавре гуфта шуд, дар тӯли бисту ҳашт соли истиқлолият мамлакати  мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта, соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Инчунин, кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуда, бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.

Натиҷаи сиёсати созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати  ташаббускор дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст ва дар ин муддат чандин пешниҳодҳои байналмилалии кишвар бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳон қабул ва татбиқ   мегарданд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Ноябрь 15, 2019 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Нонпазӣ ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» доир карда мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот намуданд
Дар Душанбе шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар 20 фоиз зиёд карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «80 фоизи таълимгирандагони таълимоти ғайриқонунии диниро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд»
Рустами Эмомалӣ: «Корҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ бояд тақвият дода шаванд»
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷаласаи назоратӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муассисаи таҳсилоти томактабии «Афрӯза»-ро мавриди истифода қарор доданд
Ғолибони даври шаҳрии озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд
Мақомоти шаҳри Душанбе шартномаи хариди 30 электробусро ба имзо расонид
Ҷаласаи кумитаи тадорукоти «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе» доир гардид