Дар Кумитаи рушди маҳал бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш сурат гирифт

Ноябрь 5, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.  Дар он Раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар, муовинон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш Раиси Кумита Қосим Роҳбар иброз дошт, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад. Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро  бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоботи мақомоте, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад”.

Ҳамзамон зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун тамоми конститутсияҳои дигар эътибори олии  ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Дар Конститутсия эътибори ҳуқуқии қонунҳо тартиби қабул, бекор кардан ва нашр кардани онҳо  муқаррар  карда  мешавад.

Дар асос ва заминаи Конститутсия низоми ҳуқуқии мамлакат рушду таҳкими минбаъдаи худро ёфт, ки он ҷавобгӯи манфиатҳои  инсон  ва шаҳрванд, ҷомеа ва давлат буда, ин се манфиат бо  ҳам алоқаманд мебошанд

Бо ин назардошт, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои зиёде қабул гардида, мавриди танзими муносибатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ қарор доранд.

Ноябрь 5, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид