Дар Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Британияи Кабир ва Тоҷикистон баргузор мегардад

Ноябрь 29, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Лондон бо ибтикори Сафорат ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи тиҷорати Тоҷикистон ва Британия ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақсади асосии баргузор намудани ҳамоиш ҳамаҷониба муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ба мамлакатамон буда, аз ҷумла маълумоти пурра оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми андоз, имтиёзҳои махсус барои сармоягузорон ва шароити бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон манзури иштирокчиён гардид.

Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масуд Халифазода суханронӣ намуда, оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои авлавиятнок байни ду кишвар, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, иқтидори гидроэнергетикии мамлакат, саноат, маъданҳои фоиданок ва соҳаи кишоварзӣ изҳори назар кард.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони сохторҳои давлатии кишвари маҳалли иқомат, ҳайати дипломатии муқими Британияи Кабир, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сармоягузор, намояндагони Палатаи тиҷорати Тоҷикистону Британия ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиш эълон шуд, ки 23 апрели соли 2020 дар  Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гардид.

Ноябрь 29, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад