Дар Минск «Оид ба ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ» ҳамоиш баргузор мешавад

Ноябрь 18, 2019 10:58

ДУШАНБЕ, 18.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  19 ноябр дар қароргоҳи ИДМ дар Минск суҳбати «мизи мудаввар» барпо мегардад. Мавзӯи муҳокимаи он «Оид ба  ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ин ҳамоиш бо ташаббуси Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Беларус анҷом пазируфт.

Ҳамоиш дар асоси  Эъломияи ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил карда шуд, ки он 11 октябр дар Ашқобод дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ қабул гардида буд.

Дарҳамоиш раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар мақомоти оинномавӣ ва дигар аъзои мақомоти Иттиҳод, инчунин намояндагони илму маориф ширкат меварзанд.

Худи ҳамон рӯз дар он ҷо  ҷаласаи Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти қонунгузорӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мешавад.

Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок хоҳад кард.

Намояндагони доимӣ натиҷаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро, ки 25 октябр дар Москва баргузор гардид, ҷамъбаст намуда, вазифаҳои Шӯрои намояндагони доимиро дар иҷрои ҳуҷҷатҳои қабулнамуда муайян мекунанд.

Ғайр аз ин, дар ҷаласа баррасии масоили марбут ба фаъолияти Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсози Прокурори генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ пешбинӣ шудааст.

Ба ҷуз ин …

20 ноябр дар Москва ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

20-22 ноябр дар шаҳри Москва ҷаласаи Шӯрои сиёсати саноатии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

20-21 ноябр дар Минск ҷаласаи иловагии гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаи Консепсияи рушди мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви ИДМ ва мақомоти ИДМ дар соҳаи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мубориза бо  ҷинояткорӣ баргузор мегардад.

20 ноябр дар Минск ҷаласаи Комиссияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба истифодаи осоиштаи энергияи атом баргузор мешавад.

 ДАР АКС: қароргоҳи ИДМ дар Минск. Акс аз бойгонӣ.

 

Ноябрь 18, 2019 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд