Дар Муъминобод бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор фаъолияти 2 иншоот муваққатан манъ гардид
МУЪМИНОБОД, 2.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар миқёси ноҳияи Муъминобод давоми 9 моҳи сипаришуда 4 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, зарари умумии он 9600 сомониро ташкил дод. Дар ин бора сардори қисми мустақили 52–юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, капитани хизмати дохилӣ Қурбоналӣ Шарифзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, таҳлили сӯхторҳо нишон медиҳад, ки шумораи зиёди он дар хонаи истиқоматии шаҳрвандон ба амал меояд. Аз ин лиҳоз кормандони мо дар ҷамоатҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо шаҳрвандон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба пешгирӣ аз сӯхтор пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мемонанд.
Сабаби асосии дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба амал омадани сӯхторҳо аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврӣ, сари вақт хомӯш намудани сӯхторҳо молу анволи шаҳрвандон ба маблағи 99000 сомонӣ наҷот дода шуд.
Мувофиқи ҷадвали асосии пешгирӣ кардани сӯхторҳо дар иншооти хоҷагии халқ, дар ин давра аз тарафи муҳандисону нозирони гурӯҳ ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори иншооти тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, иншооти савдо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ва иншооти муҳиме, ки дар нақшаи тақвимии шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии минтақаи Кӯлоб дарҷ гардидаанд, санҷида шуд.
«Ҳангоми гузаронидани санҷишҳо нисбат ба 10 нафар шаҳрванд барои вайрон кардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Маблағи умумии ҷаримаҳои басташуда дар ин давра 4 ҳазору 251 сомониро дар бар мегирад. Инчунин бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва иҷро накардани амрномаҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор фаъолияти 2 адад иншоот муваққатан манъ карда шуд», — афзуд Қурбоналӣ Шарифзода.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






