Дар намоиши шолӣ, биринҷ ва фестивали «Оши палав» дар Хатлон 25 шаҳру ноҳия маҳсулоти худро манзур намуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон намоиши шолӣ, биринҷ ва Фестивали «Оши палав» баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивал-намоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, кишоварзони шаҳру ноҳияи вилоят ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар фестивал-намоиш хоҷагиҳои шолипарварии 25 шаҳру ноҳияи вилоят намунаи маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, ошпазҳои беҳтарин ҳунари палавпазиашонро ба маъраз ниҳоданд.
Барои қадрдонӣ намудани заҳмати иштирокчиён дар ин фестивал- намоиш беҳтарин «Оши палави беҳтарин» ва «Шоликори беҳтарин» муайян гардид.
Дар бахши «Оши палави беҳтарин»-и фестивал намояндаи ноҳияи Данғара ғолиб гардида, унвони «Шоликори беҳтарин» ба роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр» Парвиз Ашуров аз ноҳияи Хуросон дода шуд. Ғолибон аз ҷониби раиси вилоят бо туҳфа ва ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сазовори ҷойи аввал гардид, инчунин аз ҷониби раиси вилоят тамоми иштирокчиён бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Дар фестивали мазкур озмунҳои «Ошхӯри беҳтарин» ва «Сабзирезакуни беҳтарин» гузаронида шуданд, ки ғолибон бо мукофотҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар ҷамъбаст барномаи консертии ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳри Кӯлоб пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.










Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






