Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бинои Ҳизби Халқии Демократӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 18.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ дода будем, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил гардидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, бинои мазкур бо дастгирии аъзои Ҳизби халқии демократӣ дар вилояти Хатлон ва соҳибкорони саховатпеша тариқи ҳашар сохта шудааст. Бино аз ду ошёна ва 6 утоқи корӣ иборат мебошад. Барои фаъолияти кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҳисоби ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамчунин як мошини сабукрави хизматӣ ба кормандони ҳизби ноҳия тақдим гардид.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин рӯз дар ноҳия аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хушнуд Чиллаев Маркази хизматрасонии «Омина» бо тамоми шароити замони муосир ба истифода дода шуд.
Бародари соҳибкор Қурбоналӣ Чиллаев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чунин гуфт: «Маркази хизматрасонии «Омина» дар маркази ноҳия қомат афрохта, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар он кошонаи ҳусн, стомотология, филиали “Амонатбонк”-и ноҳиявӣ ва дорухона амал мекунанд».
Айни замон дар марказ 20 нафар шаҳрвандони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Маркази хизматрасонӣ ба маблағи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






