Дар ноҳияи Ашт бахшида ба Рӯзи Конститутсия барномаи бошукӯҳи идона сурат пазируфт
ДУШАНБЕ, 4.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт бахшида ба 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идона баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ додааст.
Тавре хабар дода шуд, барномаи идона дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҷараён гирифт. Дар он муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ иштирок намуда, паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба сокинони ноҳия расонид.
Анвар Яқубӣ зикр кард, ки «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат манфиатҳои олии мардуми куҳанбунёд ва халқи шарифу матиниродаи моро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва бунёди низоми ҳокимияти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ гузошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард».
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, иброз намуд, ки 6 ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистон чун рӯзи саодатбахши миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Дар охири барнома аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






