Дар ноҳияи Ашт бахшида ба Рӯзи Конститутсия барномаи бошукӯҳи идона сурат пазируфт

Ноябрь 4, 2019 15:07

ДУШАНБЕ, 4.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт бахшида ба 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идона баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ додааст.

Тавре хабар дода шуд, барномаи идона дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҷараён гирифт. Дар он муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ иштирок намуда,  паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба сокинони ноҳия расонид.

Анвар Яқубӣ зикр кард,  ки «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат манфиатҳои олии мардуми куҳанбунёд ва халқи шарифу матиниродаи моро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва бунёди низоми ҳокимияти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ гузошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард».

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Конститутсия  табрик гуфта, иброз намуд, ки 6 ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистон чун рӯзи саодатбахши миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Дар охири барнома аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Ноябрь 4, 2019 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид