Дар Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ғолибони даври номинатсияи навозандагӣ муайян шуданд

Ноябрь 7, 2019 16:03

ДУШАНБЕ, 07.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи навозандаи анъанавӣ ва навозандаи эстрадӣ баргузор гардид.

Ҳайати ҳакамон бо роҳбарии доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов ба ҳунари 9 нафар иштирокчии бахши навозандаи анъанавӣ ва 5 нафар иштирокчии бахши навозандаи эстрадӣ баҳогузорӣ намуда, ғолибонро дар ин бахш муайян намуданд.

Дар бахши навозандаи анъанавӣ бо гирифтани 44 хол ҷойи аввал насиби Ансамбли миллии созу навои «Дилнавоз» аз шаҳри Хуҷанд гардид.

Ҷои дуввуми ин бахш сазовори Ҷовидон Ҳасанов аз шаҳри Душанбе шуда, соҳиби 43 хол гардид.

Ҷои сеюми ин бахшро Шарифҷон Раҳимзода аз шаҳри Душанбе бо 40 хол ва ҷои чорумро Масрур Асомиддинзода аз шаҳри Роғун бо 39 хол ба даст оварданд.

Дар бахши навозандаи эстрадӣ Муҳаммад Ниёзов аз шаҳри Душанбе бо гирифтани 45 хол ҷои якумро соҳиб гашт.

Ҷои дуввуми ин бахш ба Бахтиёр Оқсақолов аз шаҳри Душанбе лоиқ дониста шуд, ки аз ҷониби ҳакамон бо 43 хол баҳогузорӣ шудааст.

Ҷои сеюм насиби Ҳасан Шарифзода аз шаҳри Шаҳринав бо 42 хол ва ҷои чорум насиби Абдукарим Абдураҳмонов бо 41 хол гардид.

Бод тазаккур дод, ки имрӯз, яъне 7 ноябр, дар театри мазкур баҳогузории истеъдоди 5 нафар иштирокчии бахши навозандаи академӣ сурат мегирад. Инчунин имрӯз даври ниҳоии номинатсияи оҳангсоз бо иштироки 8 нафар довталаб гузаронида мешавад.

Тавре қаблан хабар дода будем, то 9 ноябр ҳамарӯза соати 13:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи манн» дар номинатсияҳои гуногун баргузор мегардад.

 

 

Ноябрь 7, 2019 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид