Дар Тоҷикистон Ҳафтаи филмҳои русӣ сурат мепазирад
ДУШАНБЕ, 09.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 ноябр дар Тоҷикистон Ҳафтаи филмҳои русӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, Ҳафтаи филмҳои русӣ бо ташаббусу дастгирии Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ФЕСТСИНЕМА» ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар ин рӯзҳо филмофарони рус дар Кохи кино, воқеъ дар кинотеатри «Зебуниссо» ба бинандаҳои тоҷик филмҳои наверо, ки маънии баланди фарҳангию иҷтимоӣ доранд, намоиш диҳанд.
Ҳадафи баргузории ҳафтаи мазкур ҷалби тамошобинон ба кинои рус ва густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни Россия ва Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи барномаи мазкур филмҳои «Замоне дар Трубчевск» (коргардон Лариса Садилова, 2019), «Одесса» (коргардон Валерий Тодоровский, 2018), «Якшанбе» (коргардон Светлана Проскурина, 2019), «Керосин» (коргардон Юсуф Розиқов, 2019), «Ин доимӣ нест» (коргардонҳо Евгения Яскина ва Алёна Рубинштейн, 2019) ва «Хоҳарак» (коргардон Александр Галибин, 2019) намоиш дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «ФЕСТСИНЕМА» бо роҳбарии Сергей Лос «Ҳафтаи филмҳои русӣ»-ро аллакай дар чандин давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барпо кардааст.
Дар Душанбе низ дар доираи ин чорабинӣ вохӯрии эҷодӣ бо синамогарони машҳури рус ва намоиши шаш филми русӣ дар Хонаи — кино «Зебунисо», ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Садриддин Айнӣ 131 воқеъ аст, дар назар дошта шудааст.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






