Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегарданд.
Тавре котиби матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Убайдуллозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Инчунин дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳо баргузор мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар назар аст, ки 13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳо ба ноҳияи Данғара сафар карда, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод намоянд.
14 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузории консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек барномаи Рӯзҳоро боз ҳам рангинтар месозад.
Бояд зикр кард, ки муносибатҳои ду мамлакат бо шарофати талошҳои сарони ҳарду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Сафари таърихии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 дар таърихи муносибатҳои мутақобила саҳифаи нав боз кард. Он ба муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, барои ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҷамъшудаи миёни ҳарду давлат шароити мусоид фароҳам овард. Солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Созишҳои мутақобилан судманд ба даст омада, ҳамкории дуҷониба рушд меёбад, боздидҳои ҳайатҳои доираҳои тиҷоратии ҳарду давлат роҳандозӣ гардид, инчунин робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ густариш ёфтанд.
Аз 10 то 14 октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд.
Хамчунин моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати ҳарду мамлакат баргузор гардида буд.
Дар маҷмӯъ таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя -Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ, хусусан рушди иқтисодиёт, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, таъмини амният ва суботи минтақа дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда, таҳкими марзҳои давлатӣ, ки ҳамзамон сарҳади тамоми кишварҳои ИДМ маҳсуб меёбад, нақши калидӣ мебозад.









Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






