Дар вилояти Москва Бозиҳои Делфии бисту чоруми ҷавонони кишварҳои узви ИДМ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 25.11.2019 /АМИТ Ховар/. 23 ноябр дар маҷмааи фароғатии Snegiri (Снегирии) вилояти Москваи Федератсияи Россия бисту чорумин Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз гардиданд. Иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфӣ ба даври чорякфинал баромаданд.
Тавре дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов хабар дод, дар вилояти Москва бозиҳо бори дуюм гузашта, вале маротибаи аввал аст, ки дар шакли мусобиқа мегузаранд. Ҷараёни баргузории бозиҳои Делфӣ дар назар дорад, ки дар ҳар давр иштирокдорон бояд ҷуфт-ҷуфт ҳунарнамоӣ кунанд. Дар ҳар як ҷуфт аз рӯи натиҷаҳои намоиш ғолибе, ки ба даври баъдӣ ворид мешавад, муайян карда мешавад. Ғолибони ду нимфинал дар финал иштирок намуда, ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол мекунанд. Шахсоне, ки дар ду нимфинал мебошанд, ҳар кадом ғолиби ҷои сеюм мешаванд. Дар маҷмӯъ 12 маҷмӯи ҷоизаҳо супорида хоҳанд шуд.
Дар сабқатҳо иштирокдорон аз рӯйи 6 номинатсия: фортепиано, скрипка, сурудҳои фолклорӣ, академикӣ, поп ва номинатсияи кушода қувваозмоӣ менамоянд. Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳои ИДМ беш аз 400 нафар рассомони бомаҳорати аз 10 то 25-сола ширкат меварзанд.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Делфӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён иброз дошт, ки чунин мусобиқаҳои фарҳангӣ барои наздик шудани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хизмат мекунанд.
Бино ба итилои манбаъ, дар мусобиқаи эҷодӣ 500 нафар аз 10 давлати ҷаҳон дар 6 номинатсия ширкат намуданд. Ҳамаи иштирокчиёни бозиҳо ҳунари хуб нишон доданд, ки баҳо додан ба он хеле душвор аст.
Бояд зикр кард, ки дар доираи Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои ИДМ як зумра барномаҳо баргузор мешаванд, аз қабили конфронси байналмилалӣ, лоиҳаҳои махсуси «Мо дар хотир дорем», «Театр», «Китобҳо», ки дар иншооти фарҳангии вилояти Москва ташкил карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 5 нафар намояндагӣ доранд. Ҳаётҷон Ҳамрохонов, Амриддин Мирзоев ва Амрулло Калонов дар номинатсияи «Суруди академӣ», Афзалшоҳ Сафарзода — «Суруди эстрадӣ», Фараҳноз Қурбонмаҳмадова дар «Фортепиано» ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар ҳайати доварон се коршиноси соҳаи санъат — Раиси Иттифоқи композиторон Хуршед Низомов, Директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Манучеҳр Шарифзода ва мусиқишиносон, доктори илмҳои санъатшиносӣ Фирӯз Улмасов намояндагӣ мекунанд.
25 ноябр маросими ҷамъбастии Бозиҳои Делфӣ дар толори «Вегас Сити»-и вилояти Москва баргузор мегардад.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






