Дар Женева бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги тоҷикон барномаи фарҳангӣ ҷараён дорад

Ноябрь 20, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 16 ноябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳамоиш оид ба баррасии мутобиқсозии қонунгузории миллии ҳуқуқи муаллиф бо меъёрҳои Созмони байналмилалии ҳуқуқи муаллиф ва барномаи  фарҳангӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги мардуми тоҷик ҷараён дорад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиши  мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода иштирок дорад.

Ҳамчунин ба ҳамоиш сардори шуъбаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ба Женева сафар кардаанд.

Муовини Вазири фарҳанг Музаффар Давлатзода дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур сухан гуфта, паёми роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳангро ба Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва роҳбари он Франсис Гарри расонид.

Дар ҳамоиш намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили масолеҳи заргарӣ, сангтарошӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, кордсозӣ, либоси миллӣ, хӯрок ва рақсу суруди миллӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Женева гардид.

Меҳмонони ҳамоиш аз гуногунрангӣ ва зебоии ҳунарҳои мардумии тоҷик баҳра бурда, ба кори ҳунармандон ва маҳорати санъаткорони тоҷик, дар маҷмӯъ ба фарҳанги тоҷик, ки ҳамаи онҳоро мафтун кардааст, баҳои баланд доданд.

Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур то 21 ноябр идома меёбад.

Ноябрь 20, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад