Дастаи «Хатлон» чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон гардид

Ноябрь 13, 2019 13:34

ДУШАНБЕ, 13.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувон баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар ҷараёни чемпионати имсола маҳорати баланд нишон дод. Дар натиҷа дар 16 бозӣ ғалаба карда, як бозиро мусовию як бозиро бо бохт анҷом дода, бо 49 имтиёз дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт.

Дар ин рӯз ба футболбоздухтарони даста медалҳои тилло ва Ҷоми чемпионат тақдим гардид.

Зинаҳои дуюм ва сеюмро дар мавсими имсола дастаҳои «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ишғол намуданд.

Дар мусобиқаи имсола дарвозабони беҳтарин Меҳрона Файзуллоева аз дастаи «Хатлон», нишонзани беҳтарин Меҳрангез Шарипова аз дастаи «Хатлон», бозингари беҳтарин Некубахт Худододова аз дастаи «Зебоннисо» ва мураббии беҳтарин Ашӯр Гадоев аз дастаи «Хатлон» дониста шуданд.

Аз тарафи Ташкилоти қарзии «Фурӯз» ба ғолибони лигаи бонувон туҳфаҳо супорида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар чемпионати имсола 10 даста иштирок намуд, ки 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ мекарданд. Инҳо дастаҳои «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Барқ»-и шаҳри Норак, «Ситора»-и ноҳияи Фархор, «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ, «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритуз, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав мебошанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбари шуъбаи футболи бонувони Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллозода ва муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов иштирок доштанд.

Ноябрь 13, 2019 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад