Форуми Душанбе мавзӯи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад

Ноябрь 14, 2019 14:35

ДУШАНБЕ, 14.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 ноябр  дар   меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси»-и пойтахт бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  таҳти унвони   «Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» Форум баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  Форуми мазкур намояндагони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Бонки миллӣ,  вазорату кумитаҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилотҳои молиявии хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ,  ташкилотҳои қарздиҳӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.

Дар Форум масъулини соҳа, коршиносон ва роҳбарони лоиҳаҳои татбиқшаванда вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда  маърӯза менамоянд.

Ноябрь 14, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд