Фулвио Мартушиелло: «Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро минбаъд низ идома хоҳанд дод»

Ноябрь 1, 2019 12:45

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии раиси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Кумитаи ҳамкории парлумонӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва робита бо Туркманистон ва Муғулистон Фулвио Мартушиеллоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намуданд. Пас аз мулоқот ҳайати Парлумони Аврупо барои ВАО—и ватанӣ ва хориҷӣ брифинг  гузаронид.

Роҳбари ҳайат Фулвио Мартушиелло, аз ҷумла чунин зикр кард: «Барои мо ифтихори бузург аст, ки имрӯз дар доираи ташриф ба Душанбе ва иштирок дар ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳайати моро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пазируфтанд. Дирӯз мо бо вакилони Парлумони Тоҷикистон мулоқот доштем, ки дар он доираи васеи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардем».

Роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо Фулвио Мартушиелло иброз дошт, ки дар ин вохӯриҳо имкони расонидани кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.

«Мардуми Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам муносибатҳои наздик доранд ва ба ҳамдигар шабеҳанд, аз ин рӯ, мо дар оянда низ ҳамкории судмандро идома хоҳем дод», — гуфт дар хотима Фулвио Мартушиелло.

Ёдовар мешавем, ки аз 31 октябр то 3 ноябри соли 2019 ҳайати Парлумони Аврупо иборат аз 3 вакил дар Тоҷикистон қарор доранд. Ҳадафи асосии сафари мазкур иштирок дар ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкории парлумонии ИА ва Тоҷикистон мебошад.

 

Ноябрь 1, 2019 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид