Имсол дар ноҳияи Ховалинг 5 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 5, 2019 09:39

ДУШАНБЕ, 05.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинг 49 муассисаи таълимӣ амал мекунанд, ки аз онҳо 1 боғчаи бачагона, 1 литсей, 1 гимназияи давлатӣ буда, боқӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Маорифчиёни ноҳияи Ховалинг дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия менамоянд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг Нафиса Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки  соли равон дар ноҳияи Ховалинг  5 муассисаи таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони саховатпешаи ноҳия бо тамоми шароити замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки хурсандии толибилмон ҳадду канор надошт. Аз ин баъд хонандагони ноҳия метавонанд дар синфхонаҳои барҳаво таълим бигиранд.

— Имсол барои таъмири муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 163 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид,-гуфт сардори шуъбаи молияи ноҳия Гулмаҳмад Зоирзода.

Бояд гуфт, ки иштироки хонандагон дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ назаррас буда, онҳо дар ин давра сазовори 33 медал гардиданд. Аз ҷумла, 8 медали тилло, 11 – нуқра ва 14 – биринҷӣ, ки 2 медали нуқраро дар сатҳи ҷумҳурӣ соҳиб шуданд.

Ҳоло дар ноҳияи Ховалинг 12 ҳазору 199 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 920 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.

Ноябрь 5, 2019 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд