Кумитаи кор бо занон ва оила конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд

Ноябрь 25, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 ноябр бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» дар мавзӯи «Мустаҳкамии оила-асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд» Конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар  ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур баррасии масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо назардошти хусусиятҳои замони  муосир, оила  ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони  тарбияи фарзанд, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таъмини пойдории оила, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оиладорӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили зӯроварию шиканҷа, терроризму ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, майзадагӣ, худкушӣ, касалиҳои ВНМО, сил ва дигар масоили таъсиррасон ба муносибатҳои аъзои оила, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мебошад.

Дар назар аст, ки Конференсияи амалии ҷумҳуриявӣ  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза»  баргузор гардад.

 

 

Ноябрь 25, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид