Корхонаи фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» беш аз 46 ҳазор хоҷагиро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд

Ноябрь 5, 2019 11:10

ТУРСУНЗОДА, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Корхонаи фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ»  барои фаъолияти мунтазами  иншооти коммуналии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020  омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Дар ин бора сармуҳандиси корхонаи  фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» Сайфиддин Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

То имрӯз мутахассисони корхонаи мазкур   ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо бо оби тозаи нӯшокӣ иншооти обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Шаҳринавро  таъмиру барқарор намуданд. Бо мақсади сарфакорона   истифода бурдани оби нӯшокӣ 983 садамаро дар хатҳои оби нӯшокӣ бартараф намуда, 16 адад трансформаторҳои ҳудуди корхонаро бо равған пур намуда, корҳои профилактикӣ гузарониданд. 62 адад насосҳои обтаъминкунандаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро таъмир намуда, ҳамзамон ду адад насоси обкашии тамғаи ЭЦВ 10-120/60-32 ва ду адад насоси Д630/90-250 кв  харида, дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ васл карданд. Барои  безарар гардонидани обҳои нӯшокӣ то имрӯз дар анбори корхона 5 тонна хлор захира намуда, 70 нафар кормандони ин муассисаҳоро бо либоси гарми зимистона ва пойафзоли мавсимӣ таъмин намудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин корхона барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ техникаҳои махсус, аз қабили  мошини бартарафкунандаи садамаҳо,  эксковатор, автокран, трактор, мотопомпа ва таҷҳизоти кафшергариро таъмир намуда, ба давраи зимистон омода намудааст.

Корхонаи фаръии «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» дорои 15 адад иншооти обтаъминкунӣ бо иқтидори лоиҳавии 179,4 ҳазор метри кубӣ, 72 адад чоҳҳои амудӣ, 66 адад насосҳои обкашии зеризаминӣ, 5 адад пойгоҳҳои насосии куталҳои 2-3,  12 адад ҳавзҳои оби тоза бо ҳаҷми аз 100 то 3000 метри кубӣ ва 17 адад ҳавзҳои оби тозаи ҳаҷмашон аз 5 то 20 метри кубӣ буда, ба 46 ҳазору  273 хоҷагӣ хизмат мерасонад.  Истеҳсоли оби нӯшокии корхона дар як шабонарӯз  аз 53000 то 55000 метри кубӣ мебошад.

Оид ба мушкилоти имрӯзаи корхона мутахассисон зикр намуданд, ки аз сабаби  паст будани маърифатнокии баъзе муштариён ҳаққи хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ сари вақт пардохт намегардад, ки ин дар истеҳсол ва маоши кормандон таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин аз сабаби кӯҳнаю фарсуда гардидани қубурҳои обгузар дар шаҳру ноҳияҳои мазкур, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд, талафоти об дида мешавад. Аз ин ҷиҳат корхона кӯшиш дорад, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда қисме аз ин қубурҳои садамавиро иваз намояд.

Ноябрь 5, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид