Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт Рӯзи милитсияро таҷлил намуданд

Ноябрь 8, 2019 09:52

ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бахшида ба Рӯзи милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, барномаи  идона бо иштироки кормандони ин ниҳод ва собиқадорони соҳа  баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷамъомади идона  нахуст сардори Раёсати ВКД дар нақлиёт, генерал-майори милитсия Фотеҳ Қунғуротзода ҳомиёни ҳифзи тартиботро бо иди касбӣ шодбош гуфта, зикр кард, ки аз корманди қаторӣ то афсари баландрутбаи милитсия вазифадоранд, ки  бо масъулияти дучанд уҳдадориҳои хизматиро  иҷро намуда, ба  халқу давлат ҳамчун фарзанди содиқи Ватан  хизмат карда, дар пойдории сулҳу суботи мамлакат  ҳиссагузор бошанд.

Таъкид гардид, ки милитсияи тоҷик имрӯз бо меҳнати содиқона ба манфиати халқу Ватан  дар байни ҷомеа соҳибэҳтиром  гардидааст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯз  кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа  муборизаи беамон  бурда,  бо мақсади оромиву осудагии ҷомеа ҳатто ҷони худро қурбон  менамоянд.

Мояи фараҳмандист, ки имрӯз  дар тамоми зинаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.

Кормандони милитсия барои  ояндаи дурахшони Тоҷикистон шабонарӯзӣ  хизмат намуда, ба қавлу савганди касбӣ, Президент ва халқу Ватан содиқ мебошанд.
Сипас  сардори Раёсат чанд нафар аз собиқадорон ва кормандони раёсати мазкурро бо медалу нишонҳои соҳавӣ, «Сипоснома», «Ифтихорнома»  ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷамъомади идона санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ бо ҳунарнамоии худ хотири иштирокдоронро  болида гардониданд.

Ноябрь 8, 2019 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид