Кумитаи рушди сайёҳӣ: Дар нуҳ моҳ аз Қалъаи Ҳисор зиёда аз 27 ҳазор нафар сайёҳон боздид намудаанд
ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон аз Қалъаи Ҳисор 27 ҳазору 400 нафар сайёҳон боздид намудаанд, ки аз ин шумора 6 ҳазору 480 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар ин бора зимни семинари «Рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ», ки дар шаҳри Ҳисор доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинари мазкур бо ташаббуси Кумита дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки семинар бо мақсади татбиқи самараноки Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ, муассисаҳои олии таълимӣ ва масъулини сохторҳои соҳаи сайёҳӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки ташрифи сайёҳон ба ҳар як гӯшаю канори зебоманзари мамлакат, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор сол аз сол зиёд гардида истодааст. Ин натиҷаи тадбирҳои судманди андешидаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад.
«Дар семинар масъалаҳои тайёр намудани роҳбаладони касбӣ, ба роҳ мондани барномаҳои стандарти ягона барои ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ, зимни муаррифии мавзеъҳо такя намудан ба маълумоти аз ҷиҳати илмӣ асоснок, гузаронидани корҳои илмӣ-татқиқотӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ, ташаккули фарҳанги сайёҳӣ ва рушди сайёҳии дохилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд», — афзуд манбад.
Ёдовар мешавем, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳри Ҳисор, фазои мусоиди экологӣ ва иншооти соҳа, аз қабили мамнӯъгоҳи «Қалъаи Ҳисор», осоишгоҳҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сатурн», мамнуъгоҳи таърихию мадании Ҳисор барои рушди сайёҳӣ иқтидорӣ воқеӣ доранд.









Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»






