Лигаи баскетбол: дастаи «Душанбе» аз «Фойтун» пеш гузашт
ДУШАНБЕ, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз натиҷагирии 6 даври Лигаи баскетболи Тоҷикистон дастаи «Душанбе» ба ҷои аввал баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозиҳои Лигаи баскетболи Тоҷикистон миёни 8 клуб дар шаҳри Душанбе ҳар рӯзи якшанбе ҷараён доранд.
Баскетболбозони клуби «Душанбе» 5 бозӣ анҷом дода, соҳиби 10 хол гардиданд. Клуби баскетболи «Фойтун» бо 9 хол дар ҷои дуюм қарор дорад. «Diesel Power» ва «Зуҳро» бо 8-холӣ дар ҷойҳои сеюми чоруми ҷадвал мавқеъ доранд.
Бозиҳои даври ҳафтум 24 ноябр доир мегарданд. Дар ин давр «Легендҳо» бо «DIS», «Душанбе» бо «Беркут», «Фойтун» бо «Зуҳро» ва «Diesel Power» бо «33» вомехӯранд.
| ҶОЙ | КЛУБҲО | Б | Ғ | Б | М | Т/Т | Х | |
| 1 | КБ «Душанбе» | 5 | 5 | 0 | 0 | 526/237 | 10 | |
| 2 | КБ «Фойтун» | 5 | 4 | 1 | 0 | 389/294 | 9 | |
| 3 | КБ «Diesel Power» | 5 | 3 | 2 | 0 | 404/336 | 8 | |
| 4 | КБ «Зуҳро» | 5 | 3 | 2 | 0 | 326/402 | 8 | |
| 5 | КБ «Легендҳо» | 4 | 2 | 2 | 0 | 298/324 | 6 | |
| 6 | КБ «Беркут» | 4 | 1 | 3 | 0 | 255/317 | 5 | |
| 7 | КБ «33» | 4 | 0 | 4 | 0 | 225/347 | 4 | |
| 8 | КБ «DIS» | 4 | 0 | 4 | 0 | 180/346 | 4 | |








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






