Лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Ноябрь 14, 2019 16:50

ДУШАНБЕ, 14.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/  бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар меҳвари мулоқоти муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони БАТР таҳти роҳбарии мушовири Директори иҷроия дар минтақаи Осиёи Марказӣ Евгений Офрихтер   қарор дошт. Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ ва дастовардҳои он шинос намуда, аз фаъолияти Намояндагии доимии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи ҳамкории судманд бонки мазкур тавонист дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаи қарздиҳии хурд, сармоягузории мустақим, мусоидат ба таҷдид ва рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, обтаъминкунӣ, инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии занон ва ҷавонон иштироки фаъолона намуда, дар рушди мамлакат саҳми босазо гузорад.

Иштироки БАТР дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла амалӣ кардани лоиҳаи CАSА — 1000 намунаи олии ин ҳамкории судманд аст. Ҳадафи сафари ҳайати БАТР ба Тоҷикистон муҳокимаи лоиҳаи Стратегияи ҳамкории БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин, Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба масъалаи муҳими лоиҳаи Стратегияи мазкур ҷалб намуда, таъкид намуд, ки барои ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои минбаъдаи дар чорчӯбаи Стратегияи мазкур татбиқшаванда бояд бо дарназардошти амалӣ гардидани афзалиятҳои миллии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шаванд.

Мушовири Директори иҷроия дар минтақаи Осиёи Марказӣ Евгений Офрихтер оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуда, зикр кард, ки фаъолияти БАТР ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона шуда, бо ин роҳ метавонад ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд.

Ноябрь 14, 2019 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст