Муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор ба давраи зимистон омодагии пурра дидаанд
ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи марти соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» ба тасвиб расид. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур масъулини ҳама соҳаҳо, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор тадбирҳои дахлдорро андешиданд.
Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ҳолати имрӯза дар шаҳри Душанбе 149 муассисаи таълимии мактабӣ ва 135 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд.
Аз ин шумора 145 муассисаи таълимии пойтахт бояд ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст шаванд. Теъдоди муассисаҳои ба шабакаи мазкур пайваст ҳоло ба 135 адад мерасад.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар 10 муассисаи таълимии дигар корҳои техникӣ-пешгирикунанда идома дошта, дар назар аст, ки онҳо рӯзҳои наздик ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шаванд.
«Дар маҷмӯъ муассисаҳои таълимии пойтахт бо 266 генераторҳои барқдиҳанда ва 5 ҳазору 182 адад радиаторҳои равғанӣ таъмин гардида, ҳамаи онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд. Муассисаҳое, ки дар канори пойтахт қарор доранд бо 588 печи ҳезумӣ, ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд», — афзуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ситоди доимӣ таъсис дода шудааст.
Тибқи иттилои масъулин, айни замон муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барои давраи зимистон пурро омодаанд.
«Ҳамаи маводи сӯхт ва асбобҳои зарурӣ, аз ҷумла, генераторҳои барқдиҳанда, печҳои барқӣ, ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ омода гардида, илова бар ин, аз 1 октябр барои захираи маводи хӯрокӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳоло маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, равған, маҳсулоти донагӣ ва кишоварзӣ, мураббову консерваҳо дар анбори мавҷуда захира гардидаанд», — зикр намуд мудири шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, таҳияи иҷрои буҷет ва таъминоти моддӣ- техникии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Абдураҳим Каримов.
Муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 95% ба давраи зимистон омода мебошанд. Дар ин бора сармутахассиси кадрҳои шуъбаи маорифи ин шаҳр Сангинмурод Муминов ба мо иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, масъулин соли равон бо якчанд корхонаи коркарди ангишт шартнома бастаанд.
«Сифати ангишти захирашавандаи корхонаҳо аз санҷиш гузаронида шуда, баъд ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода мешавад», — афзуд Сангинмурод Муминов.
Тибқи иттилои масъулин, 145 тонна ангишт ва 94 м³ ҳезуми захираи соли гузашта боқӣ мондааст.
«Бо назардошти ин захира, вобаста ба теъдоди эҳтиёҷоти муассисаҳо аз директорони мактабҳо дархост қабул намудем. Маълум гардид, ки муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор ба 2 ҳазору 49 тонна ангишт, 913 м³ ҳезум ва 8 ҳазору 995 литр сӯзишвории моеъ эҳтиёҷ доранд», — иттилоъ дод ҳамсуҳбати мо.
-Ба ҳолати имрӯз, — гуфт мавсуф, 2 ҳазору 041 тонна ангишт, 548 м³ ҳезум ва 3 ҳазору 598 летр сӯзишвории дизелӣ дастрас гардидаанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»










Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»
Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид






