Муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва мудири котиботи иҷроияи Форуми ҳамкории Корея бо Осиёи Миёна масоили муносиботи дуҷонибаро матраҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода бо мудири Котиботи иҷроияи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея дар Осиёи Миёна Ким Сонг-Ин мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои равобити фарҳангӣ суҳбат намуданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати омода намудани боздидҳои дуҷониба дар бахшҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои вобаста ба Ҳафтаи кино, Рӯзи мусиқии кореягӣ дар Тоҷикистон ва сафари ҳайати Тоҷикистон дар ҷашни байналмилалии Наврӯз-2020 мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкории самаранок ҷиҳати таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибот ва ҳалли он баррасӣ шуданд.
Дар хатми мулоқот чун анъана ва рамзи дӯстӣ ба якдигар туҳфаҳо тақдим гардиданд.









Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






