Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад

Ноябрь 29, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 29.11.2026  /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр, соати 08:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, баргузор карда шуд.

Озмун бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади тарғиби таъриху фарҳанги миллӣ дар ҷомеа, хусусан дар байни наврасон ва ҷавонон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният гузаронида мешавад.

Тибқи низомнома, озмун дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат гузаронида шуда, охири моҳи ноябр ҷамъбаст мегардад.

Озмун дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Аз ин хотир Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддию ғайримоддии миллати худ онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста ва ҳадафмандона муаррифӣ намоем.

«Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдодонамон онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба наслҳои оянда ба мерос гузорем», — изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 29, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид