Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо намояндагони воломақоми АМА мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Директори генералии Фонди Халифа бин Зойид Муҳаммад Ҳоҷӣ ал-Хурӣ баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаи ҳамкории башардӯстонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), пешгирии офатҳои табиӣ, инчунин тақвияти онҳо тавассути ҷалби сармоя ба соҳаи иҷтимоӣ ва инфрасохтори ёрирасон баррасӣ гардиданд.
Инчунин вохӯрии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо муовини Сарвазир, Вазир оид ба корҳои раёсати ҷумҳурии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур бин Зойид Оли Наҳён 5 ноябр баргузор гардид.
Зимни мулокот тақвият ва густариши хамкорӣ миёни ду давлат таъкид гардида, доираи васеи масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, инчунин илму маориф ва башрдӯстона, ҷалби сармоя ба соҳаҳои зикргардида, таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҳамин рӯз инчунин мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб, Мудири кулли иҷроияи Ширкати миллии нафтии Абу Забй (ADNOC) доктор Султон Аҳмад ал-Ҷобир баргузор гардид.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар соҳаи рушди энергетика, инчунин тақвияти ҷалби сармоя ба соҳаҳои калидии ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.










Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






