Мутахассисони Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв ба Тоҷикистон меоянд

Ноябрь 19, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр ҳайати Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв барои гузаронидани гуфтушунидҳои корӣ ба Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ин муассисаи илмии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми вохӯрии ҳайатҳо иқтидори илмию техникии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда мешавад. Ҳамзамон масъалаҳои амалии ташкили нақшаи мушаххаси кори муштарак ва татбиқи марҳилавии он баррасӣ мегарданд.

«Дар соҳаи илми муосир яке аз масъалаҳои мубрам- ин татбиқи самарабахши натиҷаҳои илмӣ дар амалия ва истеҳсолот мебошад. Бо ин мақсад Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҳамкориро бо ҳамкасбони хориҷӣ тавсеа медиҳад», — иттилоъ доданд аз Пажӯҳишгоҳ.

Мавриди зикр аст, ки қаблан,  14-20 сентябри соли 2019 роҳбари озмоишгоҳи электроникаи квантии Пажӯҳишгоҳи физика ва техника   А.Тоиров аз Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Самара ба номи академик С.Королёв (Донишгоҳи Самара) -и Россия  дидан намуд. Баъди боздиди моҳи октябри соли равон байни Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои ҶТ ва  донишгоҳи номбурда Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Мояи хушнудист, ки чунин ҳамкорӣ доираи васеи мавзӯъҳоро фаро гирифта, аз ҷумла дар соҳаи тарроҳӣ ва технологияи ҳавопаймо, физикаи рентгении кайҳонӣ, физикаи атмосфера ва ғайра муваффақиятҳоро пешбинӣ менамояд.

Ноябрь 19, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд