НАҚШИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР РУШДИ МАҲАЛ. Дар шаҳри Бохтар дар ин мавзуъ ҳамоиши «мизи мудаввар» доир гардид

Ноябрь 20, 2019 11:56

БОХТАР, 20.11.2019/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ҳамоиши  «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Нақши ҳукумати электронӣ дар рушди маҳал» доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Ҳамоишро роҳбари Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода   ифтитоҳ  намуда, ба зарурати фаъолгардонии сомонаҳои расмӣ, истифодаи пурсамар аз почтаҳои электронӣ ва таъмини дастрасии мардум ба ахбори расмӣ таъкид кард. Мавсуф афзуд, ки ҳарчанд Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №166 «Дар бораи тасдиқи тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ» ҳанӯз 1-уми апрели соли 2011 қабул шудааст, ҳоло ҳам дар самти татбиқи он баъзе масъулон дар шаҳру ноҳияҳо саҳлангорӣ нишон медиҳанд.

Ғазалшоҳ Сафарзода зикр намуд, ки қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №166 аз 1-уми апрели соли 2011, «Дар бораи тасдиқи тартиби талаботи ягона барои веб-сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ», №697, аз 30 декабри соли 2010, «Дар бораи самаранокии истифодаи технологияи иттилоотӣ дар хизмати давлатӣ» ва «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини шароит барои шомил шудан ба системаи «ҳукумати электронӣ», таъмини шаффофияти кори мақомоти давлатӣ, наздик шудан ба мардум, нашри ҳисобот аз фаъолияти мақомотҳои маҳаллӣ қабул шудаанд, ки ин ҳама аз унсурҳои муҳимми ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд унвон мешавад.

Дар идома сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзода Қаюмова доир ба истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккул додани ҳукумати электронӣ, ки аз масъалаҳои муҳимми замони муосир мебошанд, сухан гуфт.

Муовини сардори ҳамин раёсат С. Азизов дар мавзӯи «Муаррифии татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза кард.

Доир ба масъалаҳои татбиқи ҳукумати электронӣ дар вилояти Хатлон, вазъи сомонаҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муҳтавои сомонаҳо, мушкилоти ҷойдошта ва роҳу усулҳои беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода гузориш дод.

Дар мизи мудаввар масъулони идоракунии сомонаҳои мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят штирок дошта, бо коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар перомуни вазъи корбарию коргузорӣ табодули назар карданд.

Ба масъулони сомонаҳо доир ба роҳҳои беҳтар кардани муҳтаво, мукаммалгардонӣ ва ба тала боти замон мувофиқ сохтани сомонаҳои расмӣ, таъмини бехатарии сомонаҳо ва дигар масъалаҳои дахлдор тавсияҳои судманд дода шуд.

Ноябрь 20, 2019 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид