ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, борон меборад

Ноябрь 5, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Шабонарўзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, борон  меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад.  Шароити обу ҳаво барои бурдани корҳои саҳроӣ, нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид буда, дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва доманакўҳҳои вилояти Хатлон ба вуҷуд омадани сел аз эҳтимол дур нест. Рўзҳои 5-6 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  борон ва барф  ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7    ва рӯзона 6+11 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 1+6  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва барф  дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва   рӯзона    1+6  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона  дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад.  Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона  2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, дар баландиҳои зиёда аз 1500 метр барф меборад. Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад.   Туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 4+6 ва  рӯзона  8+10  дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 5, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд