Ҷоизаи миллии «Лолаи тиллоӣ» — ташаббуси нави муштарак барои рушди кино дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 8.11.2019./АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали филмҳои тоҷикӣ бо супоридани ҷоизаи миллии кино- «Лолаи тиллоӣ» дар соҳаи синамо баргузор мегардад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур аз ҷониби Маркази фарҳангии “Бохтар” ва Сафорати Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” барпо мегардад.
Ба ғолибони фестивал аз рӯи чаҳор бахш- беҳтарин филми пурра, беҳтарин филми кӯтоҳмуддат, беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ ва барои саҳми арзанда дар рушди кинои миллӣ диплом ва ҷоиза тақдим карда мешаванд.
Ба фестивали мазкур филмҳои кинематографистони тоҷике, ки давоми солҳои 2018-2019 истеҳсол шудаанд, манзур карда мешаванд. Ҳайати эҷодии филм, аз қабили муаллифи филмнома, коргардон, рассом, оҳангсоз ва наворбардор бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Ҳамчунин филмҳо бояд мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таҳия шуда, меъёрҳои ахлоқӣ дар онҳо риоя шуда бошанд.
Барои баҳогузорӣ ба кори филмсозон коршиносони байналмилалӣ аз чор давлати ҷаҳон, ки бо ҷиҳатҳои рушди кинои Осиё шинос ҳастанд ва омодаанд тавоноии кори синамогарони тоҷикро омӯзанд, даъват шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин Фестивали филмҳои тоҷикӣ бо супоридани ҷоизаи миллии кино- «Лолаи тиллоӣ» 25 ноябр оғоз гардида, 1 декабр ҷамъбаст мегардад. Мақсад аз баргузории фестивал ҳавасманд гардонидани муаллифони беҳтарин кинои тоҷик ва тарғиби онҳо дар дохил ва хориҷи мамлакат мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд то 25 ноябр ба сомонаи “Тоҷикфилм”- tojikfilm.tj ворид шуда, саволномаро ҷиҳати иштирок дар фестивал пур намоянд.








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






