Олими тоҷик дар конференсияи МАГАТЭ оид ба сифати ҳаво иштирок менамояд

Ноябрь 25, 2019 10:31

ДУШАНБЕ, 25.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 ноябр дар пойтахти Португалия-шаҳри Лиссабон Конференсияи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ) оид ба сифати ҳаво баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши сатҳи баланд мудири озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон, доктори  илмҳои физикаю математика профессор Сабур Абдуллоев намояндагӣ мекунад.

Тавре аз Институти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конференсия дар баробари Тоҷикистон иштироки намояндагони 16 давлати Аврупо ва Қазоқистон дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҳамоиши Лиссабон ба таҳлили натиҷаҳои мониторинги заррачаҳои то 2.5 мкм дар атмосфера бахшида шуда, самти ҳаракати сели ҳаво ва манбаъҳои пайдоиши ин гуна заррачаҳоро муайян месозанд.

Мавриди зикр аст, ки озмоишгоҳи физикаи атмосфера аз давраи ташкил (соли 1986) то ин вақт оид ба масъалаҳои муосири физикаи атмосфера таҳқиқоти назаррас гузаронидааст. Кормандони он дар чандин экспедитсияҳои байналмилалӣ оид ба омӯзиши атмосфера фаъолона иштирок намуданд.

Ноябрь 25, 2019 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд