Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият ва сулҳу ваҳдати он мебошад

Ноябрь 23, 2019 11:27

 ДУШАНБЕ, 23.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр  бо ташаббуси дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони  касбии мамлакат  ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ-ин иди фархунда ва изҳори эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии ҷумҳурӣ ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода  иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯъ ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ  сафарбар менамояд.

Мавсуф иброз намуд, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлати соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд ва онҳо ҳеҷ гоҳ асли худро фаромӯш накардаанд.

Дар «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, аз ҷумла омадааст, ки  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудаанд: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда, дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Ноябрь 23, 2019 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад