Президент — кафили истиқлолияти миллӣ

Ноябрь 15, 2019 16:18

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии оқилона ва хирдмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон  дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи баландро касб намудааст ва Тоҷикистонро беш аз 160 давлати ҷаҳон  расман шинохтаанд ва бо мо муносибатҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ доранд. Ин нукта дар маҷлиси тантанавие, ки имрӯз ба ифтихори Рӯзи  Президент дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён шуд.

Хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар суханронияш бо ёдоварӣ аз нақши бузурги Президенти мамлакат дар рушди давлатдорӣ гуфт, ки тибқи талаботи моддаи  64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад». Президент ҳомии  Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мурратибии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Дар маҷлиси тантанавӣ  судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърӯзаҳои худ зикр карданд, ки  нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар барқарории сулҳу субот, оромӣ, эҳё ва рушди иқтисодиёти миллӣ  ва баланд бардоштани обрӯю  эътибори  нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле бузург аст. Хусусан ташаббусҳои беназири Тоҷикистон  дар масоили об  чор маротиба  дар  созмонҳои бонуфузи  байналмилалӣ  маҳз бо  ибтикори   Сардори давлат дастгирӣ ёфтанд.  Ташаббуси чоруми  Даҳсолаи амал «Об барои   рушди устувор  барои солҳои 2018-2028» ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта,  аз моҳи марти соли 2018  расман амалӣ  шуда истодааст.

Гуфта шуд, ки мояи ифтихор аст, ки  бо роҳбарии хирадмандонаи  Пешвои миллат имрӯз Истиқлолияти  давлатӣ таҳким  ёфта, дар  ҷумҳурӣ  ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандон  ҳифз гардида,  волоияти қонун ва суботу оромӣ  таъмин  аст.

Ноябрь 15, 2019 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд