Президент — ҳомии Конститутсия ва қонунҳо-бардошт аз ҷамъомади идона дар Кумитаи рушди маҳал

Ноябрь 15, 2019 12:20

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ноябр бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъомад баргузор гардид.

Раиси Кумита Қосим Роҳбар тамоми кормандони Кумитаро бо ин рӯзи фархунда   табрик намуда, гуфт, ки “Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ барои давлатдорӣ шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки миллату кишварҳоро аз маҳву парокандагӣ эмин нигоҳ медоранд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Сарвари давлат шахсиятест, ки бо дилу иродаи бузург соҳиби эҳтирому ифтихори ҳамагон гардидааст”.

Раиси Кумита Қосим Роҳбар иброз дошт, ки идоракунии шакли президентӣ ба мо барои муътадил нигоҳ доштани вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мусоидат намуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Раиси Кумита Қосим Роҳбар ба кормандони Кумита китоби тозанашри “Тулӯи ҳақиқат”-ро, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба нашр расидааст, тақдим намуд.

Гуфта шуд, ки дар ин китоб сухан аз осори илмиву таърихӣ, адабиву фарҳангии Сарвари давлат меравад, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Олимону донишмандони маъруф дар бораи арзиши баланди ин китоб назари хешро баён кардаанд ва он барои аҳли ҷомеаю доираи васеи хонандагон муфид мебошад.

Ноябрь 15, 2019 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд